Дар кишварҳои собиқ шӯравӣ баргузории "Қатораи хотира" дар назар аст

Қарор аст, ки ба ифтихори 80-умин солгарди Ғалаба то соли 2025 иқдоми ҳарбӣ-ватандӯстии “Қатораи хотира” ҳамаи 15 ҷумҳурии собиқи шӯравиро муттаҳид созад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 дек — Sputnik. Созмондиҳандагони маъракаи "Қатораи хотира" интизор доранд, ки дар соли ҷашнии 2025 дар ин лоиҳа хонандагони синфҳои болоӣ аз тамоми кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ширкат хоҳанд кард.
Дар ин бора муовини раиси Шӯрои Федератсия Константин Косачёв зимни ҳамоиши расонаҳо бахшида ба 23-умин солгарди имзои шартномаи таъсиси Давлати иттиҳод хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки ҷуғрофиёи ин тарҳи муҳими ватандӯстона тадриҷан васеъ карда шуда, ҳамасола панҷ шаҳр илова карда шавад.
Даъвати Матвиенко аз кишварҳои ИДМ: Қаҳрамонии гузаштагонамонро фаромӯш накунед
Соли 2022 дар он ду кишвар - Русия ва Беларус ширкат карданд. Аллакай соли оянда, яъне 2023 Қирғизистон, Қазоқистон ва Арманистон ба ин иқдом даъват хоҳанд шуд.
Дар соли 2024 ҳамаи 10 кишвари ИДМ метавонанд ширкат кунанд.
"Мо мехоҳем дар "Қатораи хотира" намояндагони ҳамаи 15 ҷумҳурии собиқ шӯравӣ, аз ҷумла давлатҳои соҳили Болтик, украинҳо, гурҷиҳо, намояндагони он халқҳоеро, ки дар якҷоягӣ бар фашистон ғалаба ба даст овардаанд, ҷамъ оварем", - гуфт Косачев.
Тайи 3 соли оянда, яъне дар соли 2025 ташкили чунин ҷуғрофиё ба нақша гирифта шудааст.
Ёдовар мешавем, ки қаблан Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, ҳифзи хотираи таърихии Ҷанги Бузурги Ватаниро кафили ҳифзи соҳибихтиёрии Русия номид.
Ба гуфтаи ӯ, танҳо миллате, ки хотираи таърихии қавӣ дорад, метавонад ба кӯшишҳои ҷудоиандозии мардум муқобилат кунад.