ДУШАНБЕ, 7 дек - Sputnik. Дар даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар соли равон дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, ки нақша дар як рӯз беш аз 100% иҷро шуд, бархе камбудиҳо низ ҷой доштаанд.
Ин нукта зимни ҷаласаи ҷамъбастии даъвати тирамоҳӣ дар назди раиси ВМКБ, Алишер Мирзонабот таъкид шудааст.
Муовини раиси ВМКБ ва ҳамзамон раиси комиссияи даъвати вилоятӣ, Умедҷон Носирзода, гузориш додаст, ки комиссариатҳои ҳарбии шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят дар даъвати тирамоҳии соли 2022 нақшаи даъватро дар як рӯз ба андозаи 100.3% иҷро намуданд.
Носирзода таъкид намудаст, ки гарчанде нақшаи даъват иҷро шуда бошад ҳам, дар фаъолияти комиссияҳои даъватӣ, комиссариатҳои ҳарбӣ ва дигар мақомотҳои дахлдор камбудиҳо низ ҷой доштанд, ки ислоҳи онҳо дар даъватҳои минбаъда ба манфиати кор хоҳад буд.
Ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати ВМКБ, раиси вилоят Алишер Мирзонабот низ барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин супоришҳо додаст.
Вай аз он эрод гирифтаст, ки баъзе комиссариатҳои ҳарбӣ баъди баромадани фармони президент корро сар мекунанд, ки ин ба сифатнок иҷро гардидани нақшаи даъват монеа эҷод мекунад.
"Зикр шуд, ки даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаи муҳими сиёсӣ буда, дар ин самт масъулин бояд аз ҳозир захираи сафарбариро муайян ва корбарӣ намоянд", - омадааст дар иттилоия.
Алишер Мирзонабот дар назди масъулини дахлдор ҷиҳати омодагӣ ба даъвати баҳории ҷавонписарон ба сафи артиш вазифаҳои навбатӣ гузошта, бархе аз фаъолони даъвати тирамоҳиро ифтихорномаҳою медали 75-солагии Рӯзи Ғалаба қадр кардаст.