ДУШАНБЕ, 7 дек – Sputnik. Шаҳри Ереван мизбони ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти салоҳиятдори кишварҳои узви СААД оид ба мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ шуд.
Ба иттилои ВУД Тоҷикистон, дар ҷаласаи мазкур муовини вазири умури дохилии ҶТ, генерал Акбар Насимзода ва сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ, генерал Ҳусейн Халилзода ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.
Раёсати ҷаласаи шӯрои ҳамоҳангсозро муовини аввали вазири корҳои дохилии Русия, генерал - полковник Александр Горовой ба уҳда доштаст.
Муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, Акбар Насимзода изҳор доштааст, ки раванди муҳоҷират мураккаб буда, талошҳои муштаракро дар талаб дорад.
"Танзими равандҳои муҳоҷират ҳалли аксаран мушкилоти мураккабро тақозо мекунад ва мо бояд ҳамкориҳоро дар бисёр соҳаҳо инкишоф диҳем", -зарур хонд генерали тоҷик.
Вай дар идома номбар кардааст, ки кишварҳои узви СААД бояд дар кадом самтҳо табодули иттилою ҳамкориро таҳким бахшанд.
Таъсиси заминаи ҳуқуқӣ, ошкор ва рафъи роҳҳо ва созмондиҳандагони муҳоҷирати ғайриқонунӣ, таҳияи равиши ягона барои амалӣ намудани назорати будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд фаъолияти муштарак мехоҳад, изҳор доштаст Акбарзода.
Кор бо гурезаҳо, табодули иттилоот ва иҷрои дархостҳо самтҳои дигари асосии фаъолияти муштарак мебошанд, таъкид намуд ӯ.
Дар хотимаи ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти салоҳиятдори кишварҳои узви СААД оид ба мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ протоколи дахлдор имзо карда шуд.