ДУШАНБЕ, 6 дек – Sputnik. Дар бозии ниҳоии Ҷоми футзали Тоҷикистон-2022 рӯзи 7-уми декабр тимҳои “Соро компания” ва “Амонатбонк” вомехӯранд, ки ҳардуяшон аз шаҳри Душанбеянд.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон финалистҳо дар натиҷаи анҷоми даври чорякниҳоӣ муайян гардиданд.
Дар даври чорякниҳоӣ қаҳрамони феълии мамлакат "Соро компания" бар "Рахш-такси" бо ҳисоби 6:2 ғалаба кард.
Голҳоро Муҳаммад Шарипов дар дақиқаи 8 (1:0), Орзу Додхудоев дақиқаи 11 (1:1), Дилшод Саломов - дақиаи 27 (2:1), Муҳсин Муҳаммадзода - 29 (3:1), Файзалӣ Сардоров - 32 (4:1), Умед Қӯзиев дар даиқаи 35 ба дарвозаи худ (5:1), Некрӯз Алимаҳмадов - 36 (6:1), Руслан Тиллоев - 37 (6:2) ба ҳадаф расонданд.
Беҳтарин бозигари ин зӯрозмоӣ Файзалӣ Сардоров аз тими "Соро компания" дониста шуд.
Дар вохӯрии дигари даври чорякниҳоӣ дастаҳои "Вавилон" ва "Амонатбонк" зӯрозмоӣ карданд. Ин сабқат бо ҳисоби 4:1 ба фоидаи бонкдорон анҷомид.
Дар ин бозӣ голҳоро Некрӯз Идиев дар дақиаи 13 (0:1), Рустам Ҳамидов дар дақиқаи 15 (0:2), Насратшо Исмоилов дар дақиқаи 18 (0:3), Алишер Улмасов - 30 (1:3), Шоҳрух Ҳамидов - 36 (1:4) ба ҳадаф расонданд. Беҳтарин бозигар Рустам Ҳамидов аз "Амонатбонк" дониста шуд.
Бозии ҳалкунандаи ниҳоӣ миёни "Соро компания" ва "Амонатбонк" шоми 7 декабр дар маҷмааи варзишии Кумитаи андози Тоҷикистон ба нақша гирифта шудаст.