ДУШАНБЕ, 5 дек – Sputnik. Ду рӯз ба ин тараф дар фурудгоҳ ва гузаргоҳҳои сарҳадии ҳудуди вилояти Суғд нуқтаҳои санитарию карантинӣ ситоди навбатдории шабонарӯзӣ ташкил карда шудааст.
Зимнан вазъи саломатии сокинону мусофирони воридшаванда ба кишвар аз ҷониби мутахассиони дидбонгоҳҳои эпидемиологӣ дар гузаргоҳҳои марзӣ санҷида мешавад.
Насибҷон Икромов, як масъули Идораи назорати давлатии санитарию эпидемилогии вилояти Суғд сабаби тақвият додани тадбирҳои эпидемиологӣ дар гузаргоҳҳои наздисарҳадиро дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон шарҳ дод.
“Ҳадаф аз тақвияти чораҳои эпидемиологӣ, ин пешгирӣ аз хуруҷи бемории коронавирус аст. Пешгирии беморӣ аз табобати он дида, осонтар аст” – афзуд, Икромов.
Бино ба гуфти ӯ, дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ ҳангоми хатари воридот ё, ин ки эҳтимоли пайдо шудани нафари гумонбар ё шубҳанок ба сирояти беморӣ, саривақт аз он намунаҳои ташхис аз гулӯ ва бинӣ гирифта шуда то маълум шудани натиҷаи ташхиси молишакҳо (ПЦР) ашхоси гумонбар дар ҷойҳои махсус ва ё қарантина ва ё дар шароити амбулаторӣ зери назорати табибони оилавӣ қарор дода мешаванд.
Масъулони МНДСЭ Суғд дафъаҳои охир сироятёбӣ ба COVID -19 сапт нашудааст, вале онҳо бо ишора ба вазъи эпидемилогии кишвари ҳамммарзи Ӯзбекистон эҳтимолияти сироятёбии ин бемориро инкор намекунанд.
Бино ба иттилоъи мақомоти сарҳадбонӣ ҳамарӯза бештар аз ҳазор ҳолати убури марз аз сӯи сокинон ба қайд гирифта мешавад.
Табибони Суғд аз сокинон даъват мекунанд, ки берои пешгирӣ аз ин маризӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ дар худ моски (ниқоб) тиббӣ банданд. Инчунин, ҳангоми баланд шудани ҳарорат ва сулфаи зиёд ба табибон муроҷиат намоянд.