Толибон: Ҳеч таҳдиде аз Афғонистон мутаваҷеҳи Исломобод нест

Вазорати дифои ҳукумати толибон ба мақомоти Исломобод гуфтааст, ки хоки Афғонистони алайҳи ҳеҷ кишваре ба хусус Покистон истифода нахоҳад шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Вазири дохилаи Покистон Роно Саноаллоҳ ахиран гуфтааст, ки “таҳрики толибони Покистон” аз хоки Афғонистони алайҳи давлати Исломобод истифода мекунад ва ҷилавгирӣ аз фаъолияти ин гурӯҳ ба суди Исломобод ва Кобул аст.
Вазири дохилаи Покистон иддао карда буд, ки таҳрики толибони Покистон аз тамомӣ имконот дар Афғонистон бархурдор аст ва наздик ба 5 ҳазор ҷангҷӯии он дар ин кишвар пинҳон шудаанд.
Дар вокуниш ба ин изҳорот сухангӯии вазорати дифои давлати муваққат толибон Иноятуллоҳ Хоразмӣ гуфтааст: “мо бори дигар ба тамоми кишварҳои минтақау ҷаҳони итминон медиҳем, ки аз хоки Афғонистони алайҳи кишварҳои дигар истифода нахоҳад шуд”.
Норов: Тошканд мухолифи инзивои Афғонистон аст
Пештар ва дар пайи бурузи бархе даргириҳои марзӣ байни ду кишвар давлати муваққати толибон аз омодагӣ барои гуфтугӯ бо тарафи покистонӣ барои ҳали мушкилот сухан гуфта буд.
Манотиқи марзии Афғонистон ва Покистон дар моҳҳои ахир борҳо саҳнаи даргирии неруҳои марзбонии толибон ва Покистон будааст.