Нигаронии мақомоти шаҳри Кӯлоб аз бемориҳои сироятӣ ва заҳролудшавӣ

Шаҳрдори Кӯлоб корҳои эълон кардааст, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ дар бораи пешгирии бемориҳои сироятӣ ва заҳролудшавӣ тақвият меёбанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Дар шаҳри Кӯлоб барои пешгирии бемориҳои гуногуни сироятӣ аз ҷониби кормандони соҳаҳаи тандурустӣ корҳои тарғиботӣ миёни аҳолӣ пурзӯр мегардад, иттилоъ додааст АМИТ “Ховар”.
Иттилоъ дода шудааст, ки кормандони Маркази ташакули тарзи ҳаёти солими шаҳри Кӯлоб ба сокинон тарзи дурусти ҳаёти солимро фаҳмонида, омилҳои гирифтор шудан ба бемориҳои сироятӣ ва заҳролудшавиро шарҳ медиҳанд.
Мудири Маркази ташакули тарзи ҳаёти солими шаҳри Кӯлоб Саидмуъмин Бобохоҷаев гуфтааст, ки барои дуруст омода кардани хӯришҳо дар шароити хона ҳама вақт зарур аст, ки аҳолӣ қоидаҳои санитариро риоя намояд.
“Пеш аз ҳама, шустани дастон бо собун, тозаю покиза кардану безараргардондани зарфҳои шишагин зарур аст. Инчунин маводҳои ғизоиро бо оби тоза ва аз ҷӯшмонда шустан лозим аст, ки чунин раванд микробактерияҳои заҳролудро нобуд сохта, зарфҳо ва маводҳои хӯришҳоро тоза нигоҳ медорад”, - гуфт ӯ.
Омодагии Хатлон ба бурузи эҳтимолии коронавирус дар вилоят
Ҳамчунин вай қайд кардааст, ки дар баробари омода кардани хӯриши меваҷот ва сабзавот бояд маҳсулоти тозаи беиллатро истифода бурд, чунки маҳсулоти нуқсдор низ боиси вайроншавӣ ва дар натиҷаи он сар задани бемориҳо шуда метавонад.
Зикр гардидааст, ки барои пешгирии чунин бемориҳо кормандони соҳаи тандурустӣ, маркази санитарию эпидимологӣ, ҳамчунин кормандони маркази ташакулли тарзи ҳаёти солими шаҳр ва минтақаи Кӯлоб ҳамеша корҳои оммафаҳмониро миёни аҳолӣ пурзӯр намуда, миёни сокинон варақаҳои иттилоотиро оид ба пешгирии он паҳн намуданд.