Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Муноқишаи навбатӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон: як сокини маҳаллӣ захмӣ шуд

Як сокини Сомониён, ки аз сӯи шаҳрвандони Қирғизистон сангборон шуд, бо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ ба бемористони ҷамоати Чоркӯҳ интиқол дода шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Дар марз миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон боз нооромӣ рух дод. Ин навбат сокинони наздимарзӣ ҳамдигарро сангборон карданд.
Дар ин бора манобеъ аз ҷамоати Чоркӯҳи Исфара ба Sputnik Тоҷикистон хабар доданд.
Манбаъ гуфт, даргирӣ миёни сокинони назидмарзии деҳаи Сомониёни Исфараи ҷамоати Чоркӯҳ ва деҳаи Куктоши Бодканд рух дод.
"Муноқиша замоне рух дод, ки як сокини Сомониён, ки аз роҳ мегузашт ва аз ҷониби гурӯҳи сокинони Куктош сангборон шуд. Дар натиҷа, ӯ аз ноҳияи сараш сахт осеб дид. Дар паи ин муноқиша сокинони дигари Сомониён низ, сангҳои ҷавобӣ сар доданд", - изҳор дошт манбаъ.
Феълан, сокини ҷароҳатбардоштаи Сомониён дар бемористони ҷамоати Чоркӯҳ бистарӣ шуд.
Ҷабороов гуфт кай баҳсҳои марзӣ бо Тоҷикистон ҳал мешаванд
Манбаъ меафзояд, дар ҳоли ҳозир марзбонони маҳаллӣ ба ҷойи ҳодиса расиданд ва музокирот доранд.
Тоҷикистону Қирғизистон пайваста дар мавриди аломатгузории марзи муштарак мулоқотҳо баргузор мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои 14-16 сентябр дар манотиқи марзии ду кишвар даргирии навбатӣ сурат гирифт. Дар натиҷаи задухӯрди мусаллаҳона миёни низомиёни ҳарду ҷониб даҳҳо нафар кушта, беш аз 100 нафар маҷрӯҳ шуданд.
Тоҷикистон ва Қирғизистон ин муноқишаро фалокатбор унвон карданд.