ДУШАНБЕ, 2 ноя – Sputnik. Ин ба густариши “сербер” як навъи ҷадиди корнавирус дар кишварҳои ҳамсоя ва ҳамкори Тоҷикистон рабт дорад.
Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати амнияти санитарӣ-эпидемиологии ҳолатҳои фавқулода ва кумаки фаврию тиббии вазорати тандурустии Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, баробари шуюъи навъи нави корнавирус дар кишвари Қазоқистон ва Русия ин ниҳод тасмим гирифт сар аз имрӯз тадобири назоратии беҳдоштӣ дар посгоҳҳои марзиро ташдид кунад.
“Ба тамоми бунгоҳҳои тиббӣ дар фурудгоҳҳо ва гузаргоҳҳои заминии марзӣ дастур дода шуд, ки назоратро тақвият бахшанд. Бино ба додаҳои озмоишгоҳҳои вазорат, то ба ҳол ҳеҷ мавриде аз зуҳури коронавируси навъи “сербер” сабт нашудааст, аммо эҳтимоли пайдо шудани он низ баъид дониста намешавад. Аз ин хотир, мо тасмим гирифтем, ки кори бунгоҳҳоро тақвият бахшем”, - гуфт Наврӯз Ҷаъфаров.
Қаблан вазорати тандурустии Қазоқистон аз пайдоиши навъи ҷадиди коронавирус ба номи сербер хабар дод.
Ҳоло ин вирус дар 65 кишвари дунё, ба шумули Русия, Амрико ва Аврупо сабти ном шудааст.