ДУШАНБЕ, 2 ноя – Sputnik. Тошканд зидди инзивои Афғонистон аз сӯи ҷомеаи ҷаҳонист, изҳор дошт вазири умури хориҷии Ӯзбекистон, Владимир Норов.
Вай зимни ҳамоиши роҳбарони ниҳодҳои дипломатии кишварҳои ҷаҳон дар Лодз таъкид намуд, ки рушди устувори минтақа бидуни сулҳ дар Афғонистон ғайриимкон аст.
Норов ҷомеаи ҷаҳониро ба пешгирии фалокати башардӯстона, барқарорсозии иқтисодиёт, ҳамгироии иқтисодӣ бо минтақа, татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ ва иҷтимоӣ даъват намуд.
Мақомдори Ӯзбекистон ҳамчунин ба ҷонибдорӣ аз ташаббуси кишвараш бораи таъсиси гурӯҳи байналмилалии гуфтушунид бо толибҳо даъват намуд, ки бояд аз ин гуруҳ иҷрои тадриҷии ӯҳдадориҳоро талаб кунад.
Вазири умури хориҷии Ӯзбекистон ҳамчунин истифода аз маркази логистикӣ дар Тирмиз барои кумак ба афғонҳо ва таъсиси маркази омӯзиши иқтисодчиён барои Афғонистонро пешниҳод намуд.
Маврид ба зикр аст, ки Норов қаблан низ дар ҳамоиши байналмилалӣ дар Душанбе зарур хонда буд, ки бояд аз инзивои Афғонистон ҷилавгирӣ карда шавад. Ӯ ҳушдор дода буд, ки дар инзивоъ қарор додани Афғонистон паёмадҳои манфӣ барои минтақа ва ҷомеаи ҷаҳонӣ дорад.
Норов аз ташаббуси раисҷумҳури Ӯзбекистон, Шавкат Мирзиёев зикр намуда буд, ки ахиран дар ҳамоиши Остона баён дошта, бар асоси он бояд гуруҳи махсуси намояндагон дар умури Афғонистон ташкил гардад, то иқдому ташаббусҳоро барои ҳалли масоили марбути ин кишвар баррасӣ ва пешниҳод намояд