Натиҷаҳои рӯзи 12-уми Ҷоми ҷаҳон - 2022: Белгия ва Олмон тарки мусобиқа карданд

Аз назаррастарин натиҷаҳои рӯзи 12-уми Ҷоми ҷаҳон - 2022 дар Қатар маҳрум шудани Олмон аз ҳаққи идомаи иштирок дар мусобиқаи ҷаҳонӣ мебошад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Даври 3-юми мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар Қатар анҷом ёфта, бозиҳо дар гуруҳҳои "Е" ва "F" сурат гирифтанд.
Дар гуруҳи "Е" Коста-Рика бо Олмон вориди майдон шуд. Тими Олмон, ки то ин давр ҳамагӣ бо як хол расида буд, тавонист бо ҳисоби 4:2 бар Коста-Рика пирӯз шавад. Аммо ин кофӣ набуд, ки даста ба даври ҳаштякниҳоӣ роҳ ёбад.
Далели роҳ наёфтани Олмон бо вуҷуди пирӯзӣ бар Коста-Рика пирӯзии ғайричашмдошти Ҷопон ба Испания мебошад. Сабқати Ҷопону Испания дар гуруҳи "Е" бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи ҷопониҳо анҷом ёфт.
Бори аввал дар 28 соли охир Мексика ба плей-офф роҳ наёфт: натоиҷи нави Ҷоми ҷаҳонии 2022
Дар ҷамъбасти рӯзи 12-ум аз гуруҳи "Е" тими Ҷопон аз ҷои аввал ва дастаи Испания аз ҷои дуюм ба даври ҳаштякниҳоӣ рафтанд. Тими миллии Олмон, ки аз довталабони қаҳрамонии ҷаҳон арзёбӣ мешуд, тарки ин мусобиқаи ҷаҳонӣ кард.
Дар гуруҳи "F" тимҳои Канада ва Марокаш бозӣ карданд, ки бо ҳисоби 1:2 ба фоидаи тими африқоӣ анҷом ёфт. Сабқати Хорватия ва Белгия бидуни гол мусовӣ анҷом ёфт. Дар натиҷа Марокаш аз мақоми аввали гуруҳ ва Хорватия аз зинаи дуюм ба марҳилаи ҳаштякниҳоӣ роҳхат гирифтанд. Белгия тарки мусобиқа намуд.
Маврид ба зикр аст, ки дар ҳоли ҳозир аллакай чанд ҷуфти даври ҳаштякниҳоӣ маълум гардиданд. Аз ҷумла Нидерландия — ИМА, Аргентина — Австралия, Инглистон — Сенегал, Фаронса — Лаҳистон, Марокаш – Испания ва Ҷопон – Хорватия сабқат хоҳанд кард. Ҳамчунин Бразилия ва Португалия низ дар даври ҳаштякниҳоӣ қарор доранд.