Дар Тоҷикистон маъракаи даъват ба хизмати ҳарбӣ анҷом ёфт

Новобаста аз он, ки маъракаи даъват ба хизмати ҳарбӣ анҷом ёфт, вале шаҳрвандони синни даъватӣ ҳамоно ба комиссариатҳои ҳарбӣ даъват мешаванд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 дек – Sputnik. Дар Тоҷикистон даъвати тирамоҳии ҷавоно ба хизмати ҳарбӣ анҷом ёфт, хабар медиҳад Вазорати мудофиа.
Ба иттилои манбаъ, ин маърака, ки моҳи октябр дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат оғоз ёфт, ҳамакнун пурра ба анҷом расид.
Манбаъ меафзояд, бо вуҷуди анҷом ёфтани маъракаи даъвати ҷавонон ба хидмат, лек тибқи қарори раисони шаҳру ноҳияҳо, шаҳрвандони синни даъватӣ ҳамоно ба комиссариатҳо даъват карда мешаванд.
Ҳадаф аз даъват шудани ҷавононро Вазорати мудофиа ба омода намудан ва гузашта аз омӯзиши пешаздаъватӣ рабт дод.
Анҷоми як моҳи даъвати наваскарон ба артиши Тоҷикистон: Шарҳи иҷроиши нақша
Ҳамасола дар Тоҷикистон маъракаи даъвату гусели шаҳрвандони ҷинси марди аз 18 то 27-сола ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар ду мавсим баргузор карда мешавад.
Аз ҷумла, даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аз якуми апрел оғоз гардида, то охири моҳи май идома меёбад ва даъвати тирамоҳӣ аз аввали моҳи октябр шурӯъ гардида, охири моҳи ноябр ба анҷом мерасад.
Имсол низ ба мисли солҳои қаблӣ, дар нахустин рӯзи даъват Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нақшаро ба пуррагӣ иҷро кард.