ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Сабаби эҳтимолии фуруди изтирории Airbus A-320 дар фурудгоҳи Иркутск, ки 2 ноябр рух дода буд, маълум шуд, хабар медиҳад шабакаи Telegram Aviatorshchina.
Он ҳамон чархҳои ҳавопаймои ширкати "Уралские авиалинии", ки аз Душанбе омада буд, ҳангоми фуруд омадан кафиданд. Маълум шуд, ки ин ходиса ба сабаби тасодуф рух додааст.
Дар номаи иттилоотӣ гуфта мешавад, ки ҳангоми парвоз аз пойтахти Тоҷикистон ба Иркутск фармондеҳи ҳавопаймои А-320 бо камарбанди сумкааш ба тугмаи калидӣ расидааст ва тасодуфан тормози таваққуфро пахш кардааст.
Ба халабонҳо баъди пайдо шудани ин хабар муяссар шуд ва пеш аз фуруд дастаро иваз карданд. Сипас онҳо "фишори боқимондаро дар системаи тормозӣ, ки аллакай ҳангоми дароз кардани шасси фуруд мушкилот ба бор меовард" ихроҷ карданд.
Аммо дар баробари ин экипаж ба даври дуюм нарафт ва дар системаи тормоз фишор наовард.
Аз ҳамин сабаб баъд аз расидан ба замин ҳамаи чархҳои шасси асосӣ оташ гирифтанд ва кафиданд. Гуфта мешавад, ки баъди ин вазъияти изтирорӣ фармондеҳи ҳавопаймо истеъфо додааст.
Аммо дар ҳамин ҳол, Раёсати тафтишоти байниминтақавии шарқии нақлиёти Кумитаи тафтишоти Русия то ҳол ин хабарро шарҳ надодааст.