Бори аввал дар 28 соли охир Мексика ба плей-офф роҳ наёфт: натоиҷи нави Ҷоми ҷаҳонии 2022

Феълан тимҳои Мексика, Арабистони Саудӣ, Тунис аз имкони бозӣ дар Ҷоми ҷаҳонии футбол, ки дар Қатар ҷараён дорад, маҳрум монданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Дар Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 дар Қатар бозиҳои даври саввуми сабқати гурӯҳӣ, ки дар он дастаҳои гурӯҳҳои С ва D бозӣ мекарданд, ба поён расид.
Натиҷаи бозии рӯзи 30 ноябр дар ин ду гурӯҳ чунин тақсим карда мешавад:
Гурӯҳи C
Арабистони Саудӣ - Мексика - 1:2;
Лаҳистон - Аргентина - 0:2.
Гурӯҳи D
Тунис - Фаронса - 1:0;
Австралия - Дания - 1:0.
Дар гурӯҳи "С" ҳамаи дастаҳо имкони баромадан ба плей-оффро доштанд. Дар натиҷа, мунтахаби Аргентина бар Лаҳистон бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд.
Дар баробари ин ҳар ду гурӯҳ ба 1/8 баромаданд. Тими Аргентина шаш хол ва Лаҳистон чор хол доранд.
Дар бозии мувозӣ Мексика бар Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд. Дар натиҷа ин тим низ чор хол гирифт, вале аз полякҳо мағлуб шуд.
Мексика дар 28 соли охир барои аввалин бор ба плей-офф роҳ наёфтанд.
Арабистони Саудӣ, ки дар даври 1-ум бар Аргентина бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд низ аз идомаи мусобиқа маҳрум монд.
Эҳсосот дар майдони футбол: Беҳтарин лаҳзаҳои Чемпионати Ҷаҳон-2022 - акс
Дар гурӯҳи D Фаронса, ки пеш аз мӯҳлат ба плей-офф роҳ ёфта буд, аз Тунис шикаст хӯрд, вале ин мағлубият монеи ғолиб баромадан дар гурӯҳ нашуд, вале тими Тунис ба даври баъдӣ роҳ наёфт.
Дар натиҷа Фаронса ва Австралия бо шаш имтиёз ба плей-офф роҳ ёфтанд, Тунис ва Дания бо чаҳор имтиёз ва як имтиёз аз идомаи бозӣ маҳпрум монданд.
Рӯзи 1 декабр, ин гурӯҳҳо барои гирифтани роҳхат ба марҳилаи баъдии Ҷоми ҷаҳонии футбол сабқат мекунанд: Канада – Марокаш, Хорватия – Белгия, Коста-Рика – Олмон, Ҷопон – Испания.