ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Русия дар соли 2023 ҳаҷми интиқоли маҳсулоти нафтиро ба Тоҷикистон, ки бидуни пардохти боҷи содиротӣ сурат мегирад, афзоиш медиҳад. Дар ин бора маркази матбуоти Вазорати энергетикаи ҷумҳурӣ хабар додааст.
Муовини вазири энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон Шарифа Худобахш ва муовини аввали вазири энержии Русия Павел Сорокин дар пайи як мулоқот дар Маскав санад дар бораи ҳаҷми интиқоли маҳсулоти нафтиро барои соли оянда имзо карданд.
"Мутобиқи ин санад, ҳаҷми умумӣ, аз ҷумла ҳаҷми интиқоли бензин ва сӯзишвории дизелӣ нисбат ба соли гузашта ба бозори дохилии Тоҷикистон зиёд карда шудаст", - омадааст дар иттилоия.
Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои марбут ба таъмини навъҳои асосии маҳсулоти нафтӣ барои соли 2023-ро баррасӣ карданд.
Тоҷикистон аз соли 2013 ба таври имтиёзнок, яъне бидуни пардохти боҷи гумрукии содиротӣ маводи сӯхти Русияро дарёфт мекунад.
Ҳамасола сохторҳои ҳукуматии ду кишвар то 1 октябр ҳаҷми истеъмоли дохилии Тоҷикистонро барои соли оянда мувофиқа мекунанду асноди дахлдорро ба имзо мерасонанд.
Шарти асосии таъмини имтиёзноки маҳсулоти нафтии Русия барои Тоҷикистон ин истиснои содироташ ба кишварҳои сеюм мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки мешавад, ки ҳаҷми интиқоли маҳсулоти нафтии имтиёзнок барои соли 2022 чун солҳои қаблӣ – 830 ҳазор тонна боқӣ монд. Солҳои пеш воридоти воқеии сӯзишворӣ ва равғани молиданӣ аз Русия ҳудуди 600 ҳазор тоннаро ташкил медод.