ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Масъули бахши матбуотии сандуқи ҳимояти аз кудкони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) Соми Мурат дар Афғонстон эълом кард, ки 875 ҳазор кудак дар Афғонистон бо хатари марг мувоҷеҳ ҳастанд.
Вай гуфт, ЮНИСЕФ ба кумакҳои фаврии ҷомеъаи ҷаҳонӣ барои ҷилавгирии аз суъи тағзияи сахт дар миёни кудакони Афғонстон ниёзманд аст.
Муассисаи байналмилалии Ҳимоят аз кудкон (Save the children) ҳам ахиран эълом карда буд, ки ҳудуди даҳ миллион кудак дар Афғонистон ба далели нарасидани ғизои кофӣ дар вазъияти бад зиндагӣ мекунанд.
Ин муассисаи байналмилалӣ гуфтааст 9 миллиону 600 ҳазор кудаки рӯзона гурусна мемонанд ва онҳо дар кутоҳтарин муддат ба маводи ғизои фаврӣ ниёз доранд.
Ҳафтаи гузаштаи Кумитаи байналмилалии “Салиби сурх” дар Афғонистон низ бо интишори гузорише эълом кард, ки оморҳо нишон медиҳад ки дар 33 бемористони мавриди ҳимояти кумитаи ҷаҳонии “Салиби сурх” дар Афғонистон, мавориди ибтилои кудакон ба бемории суъи тағзия дар соли ҷорӣ дар муқоиса бо соли гузашта 90 дарсад афзоиш ёфтааст.