Иштироки Аҳмад Масъуд дар Конфронси Афғонистон дар Душанбе – видео

Раҳбари муқовимати миллии Афғонистон новобаста аз овозаҳо дар "Гуфтугӯҳои амниятии Ҳирот" дар шаҳри Душанбе иштирок дорад
Sputnik
Раиси Ҷабҳаи Муқовимати Миллии Афғонистон Аҳмад Масъуд барои иштирок дар конфронси "Гуфтугӯҳои амниятии Ҳирот" вориди шаҳри Душанбе шуд.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки ӯ дар ин конфронс ширкат нахоҳад хоҳад кард, вале касе дар ин бора расман иттилоъ надода буд.
Хонуми афғон ба сафири Амрико: “Мо дигар ба шумо бовар надорем!”
Дар конфронси "Гуфтугӯҳои амниятии Ҳирот" дар Душанбе ҳудуди 120 нафар - намояндагони 20 кишвари ҷаҳон ширкат доранд. Аз ҷумла, даъватро раҳбари Ҷабҳаи Муқовимати Миллии Афғонистон Аҳмад Масъуд ва намояндагони Толибон пазируфтанд. Барнома ду рӯз давом хоҳад кард.
Ин даври 10-уми гуфтушунид аст. Аввалин маротиба дар Ҳирот соли 2012 баргузор шуда буд, баъдан дар ин ҷо ҳар сол баргузор мешуд.