Дар Душанбе қариб 60 ҳазор ниҳол шинонда мешавад

Мақомоти тоҷик нақшаи ниҳолшинонӣ дар шаҳри Душанбе барои тирамоҳу баҳори соли равонро тасдиқ карда, таъкид мекунанд, ки ниҳолҳои солҳои қаблӣ хуб сабзиш доранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Дар мавсими ниҳолшинонии тирамоҳи соли 2022 ва баҳори соли 2023 дар шаҳри Душанбе шинондани зиёда аз 58 ҳазор ниҳол пешбинӣ шудааст, иттилоъ дод Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, ин теъдод ниҳол аз ҷониби сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ, Шоҳмансур, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Агентии хоҷагии ҷангал, Кумитаи кор бо ҷавонон ва Кумитаи ҳифзи муҳити зист шинонда хоҳанд шуд.
Манбаъ афзуд, ки кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати ҷумҳурӣ, таҳти роҳбарии Шерализода Баҳодур алакай дар ҳудуди муассисаи давлатии "Боғи Ғалаба ва нигоҳдории ҷангал" чуқуриҳо барои шинонидани ниҳолҳоро омода кардаанд.
Президенти Палатаи савдои Липетск дар шаҳри Хуҷанд дарахти дӯстӣ шинонд
Таъкид шудааст, ки навъи дарахтон дар мавсими ниҳолшинонии тирамоҳи соли 2022 ва баҳори соли 2023 вобаста ба мавзеъ мувофиқ интихоб карда мешаванд.
Аз ҷумла дар ҳудуди Боғи Ғалаба шинонидани ниҳоли дарахтони санавбар, можжевелник, туя, шулаш ва олуи даштӣ ба нақша гирифта шудааст.
"Мутобиқ ба дастури мутахассисони соҳа ва дендрологҳо шинонидани ниҳоли дарахтон дар ин мавзеъ дар 1 га дар масофаи 3х3 м амалӣ карда шуда, нигоҳубини дарахтони шинонидашуда тӯли як сол ба зиммаи сохторҳои дахлдор вогузошта мешавад", - омадааст дар иттилоия.
Таъикд гардидаст, ки ниҳолҳои қаблан шинондашуда дар талу теппаҳои маҳаллаи Сари осиё, Лучоб ва боғҳои фарҳангу фароғатӣ айни ҳол дар ҳолати хуби сабзиш қарор доранд.