ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Манучеҳр Ҷалилов, ки дар чемпионатҳои Тоҷикистон дар солҳои 2015, 2016 ва 2021 беҳтарин голзан эълон шуд, дар мусобиқаи қаҳрамонии имсола низ беҳтарин арзёбӣ гардид.
Тибқи иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар мавсими имсолаи чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ Ҷалилов 16 гол ба ҳадаф расонд.
Ҳамчунин Дилшод Бозоров аз тими "Эсхата" бо 13 гол дар мақоми дуюм ва дар зинаи саввум феҳристи нишонзанҳо футболбози дастаи "Истиқлол" Шервонӣ Мабатшоев бо 12 гол қарор дорад.
Дар ҷамъбасти чемпионати имсола миёни тимҳои Лигаи олӣ муайян шуд, ки қаҳрамони Тоҷикистон – дастаи "Истиқлол"-и шаҳри Душанбе соли оянда дар Лигаи чемпионҳои КФО иштирок мекунад.
Медалҳои нуқра насиби "Равшан"-и Кӯлоб ва нишонҳои биринҷӣ насиби бошгоҳи "Хуҷанд" гардид.
Таъкид шудааст, ки ба ин тартиб, тимҳои "Равшан" ва "Хуҷанд" Тоҷикистонро дар Ҷоми КФО намояндагӣ мекунанд.
Бояд гуфт, дастаҳои "Истиқлол", "Хатлон", "Равшан"-и Кӯлоб, "Хуҷанд" ва "КМВ Артиш" ба панҷгонаи аввал дохил буда, дар панҷгонаи дуюм "Истаравшан", "Файзканд", "Эсхата", "Равшан"-и Зафаробод ва "Регар-ТадАЗ" ҷой гирифта буданд.