ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Амалиёти "Пиёдагард" дар қаламрави Тоҷикистон аз 28 ноябр то 7 декабр гузаронда мешавад, хабар дод Бозрасии давлатии автомобилии ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, ҳадафи ин амалиёт пешгирӣ намудани ҳодисаҳои роҳу нақлиёт бо иштироки пиёдагардон мебошад. Мақомот мегӯянд, дар бархе ҳолатҳо омилони сар задани садамаҳои маргбор маҳз роҳгузарон мебошанд.
Кормандони БДА қаблан аз он нигаронӣ доштанд, ки пиёдагардон дар кишвар дар бисёри ҳолатҳо роҳро аз мавзеъҳои муқаррарнашуда убур мекунанд, аксаран дар чунин ҳолатҳо бо телефони мобилӣ суҳбат мекунанд, ки ин хавфи ҳодисаи нақлиётиро зиёд менамояд.
Ин дар ҳолест, ки ахиран ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҷумҳурӣ тағйирот ворид гардид, ки бар асоси ҷаримаи пиёдагардон ҳудуди 6 баробар афзоиш ёфта, барои нақзи қоидаҳои роҳ ба андозаи ним нишондиҳанда барои ҳисобҳо муқаррар шудааст.
Феълан як нишондиҳанда муодили 64 сомонӣ буда, мутаносибан ба пиёдагардоне, ки қоидаро вайрон мекунанду роҳро аз ҷойҳои муқаррарнашуда убур мекунанд, 32 сомонӣ ҷарима таҳдид мекунад.
Барои ба аломати чароғаки раҳнамо ё ишораҳои танзимгари ҳаракат итоат накардани ронандагони мопеду велосипедҳо, аробакашҳо ва дигар шахсони истифодабарандаи роҳҳо аз 1 то 2 нишондиҳанда муодили 64 то 128 сомонӣ ҷарима таъйин мешавад.
Мопеду велосипедсаворҳои маст барои нақзи қоидаҳои роҳ ба андозаи аз 2 то 3 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё худ 128 то 192 сомонӣ ҷаримабандӣ мешаванд.