Имзои Ёддошти тафоҳум дар бораи содироти худравҳои сохти Эрон ба Русия

Эрон ба Русия худрав содир мекунад. Ин ду кишвар дар бораи содироти худравҳо ба маблағи 300 миллион доллар ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Раиси Анҷумани тавлидкунандагони қисмҳои эҳтиётии худрави Эрон, Муҳаммадризо Наҷафӣ Манеш гуфт, Эрон бо Русия як тафоҳумномаи содироти худравҳоро ба маблағи 300 миллион доллар ба имзо расидааст, иттилоъ додааст хабаргузории “Форс”.
"Дар мавриди содироти худравҳо ба ин кишвар (Русия) ба маблағи 300 миллион доллар ёддошти тафоҳум имзо кардерм", - навиштааст хабаргузорӣ дар истинод ба суханони раиси анҷумани тавлидкунандагон қисмҳои эҳтиётӣ.
Дар Эрон бузургтарин ширкати Iran Khodro (IKCO) ба истеҳсоли худравҳо машғул аст.
Дар қатори моделҳои маъруфи ин бренд худрави “Саманд” аст, ки дар заминаи Peugeot 405 сохта шудааст. Мошинҳои таъмиршудаи Peugeot, кроссоверҳои тамғаҳои чинии Haima ва Dongfeng низ истеҳсол мешаванд.
Русия имкон дорад гази худро ба кишварҳои халиҷи форс тариқи Эрон фурӯшад
Соли 2021 дар Эрон худрави ширкати “Tara” ба фурӯш бароварда шуд, ки шабеҳи модели Peugeot 301 аст.
Дар ҳоли ҳозир ширкат барои ба фурӯш баровардани модели нави Rira омодагӣ мегирад, ки шабеҳи Peugeot 208, 508 ва 2008 ва инчунин Citroen C-Elysee сохта шудааст.