Андуҳи дипломатҳои тоҷик аз даргузашти Макей

Аз вазири марҳуми корҳои хориҷии Белорус дипломати бомалакае ёд карда шудааст, ки дар рушди ҳамкориҳо бо Тоҷикистон саҳми бузург дошт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 ноя – Sputnik. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон аз даргузашти вазири умури хориҷии Белорус, Владимир Макей изҳори андуҳ кардааст.
Ин ниҳод бо нашри як паём, аз Макей ҳамчун дипломати хубе ёд кардааст, ки дар рушди муносиботи Тоҷикистону Белорус саҳми бузург гузоштааст. Дипломатҳои тоҷик ҳамдардияшонро ба наздикони Макей дар робита ба ин талафоти бузург баён доштаанд.
Маврид ба зикр аст, ки Макей ба таври ногаҳонӣ рӯзи 26 нобяр дар соли 65-уми ҳаёташ даргузаштаст. Дар ин бора котиби матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Белорус, Анатолий Глаз хабар дод, аммо расман дар бораи сабаби марг то ҳол иттилое ироа нашудааст. Бархе расонаҳо сабаби фавтро сактаи қалбӣ гуфтаанд.
Макей аз соли 1993 дар хизмати дипломатӣ қарор дорад. Арбоби давлатӣ аз августи соли 2012 дар вазифаи вазири корҳои хориҷӣ кор мекард.
Даргузашти ногаҳонии вазири корҳои хориҷии Белорус
Марҳум аз соли 2000-ум то 2008 ёвари президенти Белорус буда, 4 соли баъдӣ, то соли 2012-ум роҳбари Дастгоҳи президенти Белорус буд. Моҳи августи соли 2012 дар мақоми вазири корҳои хориҷӣ таъйин шуда, то дами марг дар ин вазифа буд.
Дар ҳолномаи Макей омадаст, ки 5 августи соли 1958 дар деҳаи Некрашевичи вилояти Гроднои Белоруссияи шӯравӣ таваллуд шудааст.
Донишкадаи давлатии омӯзгории забонҳои хориҷии Минскро хатм карда, пас аз хатми таҳсил дувоздаҳ сол дар сафи артиши Шӯравӣ хидмат карда, бо рутбаи полковники эҳтиётӣ ба нафақа баромад.
Вай ҳамчунин дар Академияи дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Австрия таҳсил кардааст.
Макей дар издивоҷи дуюмаш бо ҳунарпеша Вера Полякова буд. Вай 3 фарзанд - ду писар ва як духтар дорад.