Тағйироти кадрӣ дар соҳаи маориф: Киҳо вазифа гирифтанд?

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон ва ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар ин муассисаи таълимӣ тағйироти кадрӣ анҷом доданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 ноя – Sputnik. Ноиби ректор дар бахши тарбия ва деканҳои 7 факултаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд иваз шудаанд, хабар доданд аз ин муассиса ба Sputnik Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, бо фармони ректори донишгоҳ, Замира Улмасова - декани факултаи филология тоҷик, Малоҳат Усмонова - декани факултаи забонҳои хориҷӣ, Даврон Усмонов - декани факултаи таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус, Музаффар Дадобоев - декани факултаи география ва туризм таъйин шуданд.
Ҳамчунин Сироҷиддин Ҳакимов мақоми декани факултаи биология ва химия, Хушбахт Нуруллоев вазифаи декани факултаи телекоммуникатсия ва технологияи иттилоотӣ ва Муқаддас Неъматова мақоми декани факултаи муҳандисӣ – омӯзгории ДДХ, воқеъ дар ноҳия Ҷаббор Расуловро гирифтаанд.
Дар Хуҷанд факултаи рӯзноманигорӣ таъсис мешавад
Инчунин бо пешниҳоди ректори донишгоҳ ва фармони вазири маориф, Мирзотоҳир Набиев, ноиби ректори ДДХ оид ба тарбия таъйин шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки ин вазифа баъди ректор таъйин шудани Аюб Усмонзода, чанд вақт ба ин тараф холӣ монда буд.
Таъйини барканории деканҳо бо фармони ректор ва дар мувоифқа бо вазири маориф сурат мегирад.
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров (собиқ Институти педагогии ба номи С.М. Киров) 18 факулта ва як Коллеҷи омӯзгорӣ дошта, бузургтарин мактаби олӣ дар шимоли Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.