Дар сафҳои артиши Украина, аз ҷумла дар воҳидҳои миллӣ моддаҳои гуногуни психотропӣ васеъ стифода мешаванд.
Дар ин бора низомии воҳиди артиллерӣ, Марина Юшковская, ки аз соли 2014 ба ин сӯ дар ҳимояти Ватан истодааст, дар мусоҳиба бо Sputnik гуфт.
Вай ҳамчунин изҳор дошт, ки зархаридони хориҷӣ дар Украина назар ба қувваҳои мусаллаҳи худи ин кишвар боз ҳам фаъолтар меҷанганд.
Юшковская инчунин ба суолҳо, ки чаро артиллерия асоси ҳама гуна муноқишаи низомӣ аст, артиши Русия аз артиши Украина чӣ фарқ дорад, қарори пайвастан бо Русия барои сокинони Донбасс чӣ маъно дошт, посух дод.
Ҷавоб ба ин ва дигар суолҳои муҳимро метавон аз мусоҳибаи Sputnik Юшковская пайдо намуд.
Ёдовар мешавем, ки аз 24 феврал инҷониб Русия амалиёти вижаи низомиро барои ғайринизомисозӣ ва нозизудоӣ дар Украина анҷом медиҳад.
Раисҷумҳури Русия, Владимир Путин ҳадафи онро "дастгирии одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд". Вазифаи нерӯҳои мусаллаҳ озод кардани Донбасс ва таъмини амнияти Русия аст.