ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Дастаи "Истиқлол" медали тило, "Равшан"-и Кӯлоб нуқра ва "Хуҷанд" биринҷӣ ба даст оварданд.
Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон аз ҷамъбасти 31-умин чемпионати ҷумҳурӣ байни дастаҳои лигаи олӣ хабар дод.
"Футболбозони "Истиқлол"-и Душанбе соҳиби медалҳои тило гардиданд. Медалҳои нуқра насиби "Равшан"-и Кӯлоб ва нишонҳои биринҷӣ насиби бошгоҳи "Хуҷанд" гардид", - омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудааст, ки ба ин тартиб, "Истиқлол" дар мавсими оянда дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФО бозӣ мекунад. Тимҳои "Равшан" ва "Хуҷанд" Тоҷикистонро дар Ҷоми КФО намояндагӣ мекунанд.
Бар асоси натоиҷи мусобиқоти чемпионати Тоҷикистон-2022 дар гурӯҳи "Б" тимҳои "Истаравшан" ва "Равшан"-и Зафаробод мавқеи худро дар лигаи олӣ нигоҳ дошта натавонистанд ва соли оянда дар лигаи якум бозӣ мекунанд.
Маврид ба зикр аст, ки марҳилаи сеюми чемпионати Тоҷикистон соли равон дар формати нав баргузор гардид.
Дастаҳое, ки дар қисми аввал ҷойҳои 1-5-умро гирифтанд, дар гурӯҳи “А” барои ҷоизаҳо ва дастаҳое, ки ҷойҳои 6-10-умро касб карданд, дар гурӯҳи “В” барои нигоҳ доштани мавқеашон дар лигаи олӣ талош карданд.
Дастаҳои "Истиқлол", "Хатлон", "Равшан"-и Кӯлоб, "Хуҷанд" ва "КМВ Артиш" ба панҷгонаи аввал дохил буда, дар панҷгонаи дуюм "Истаравшан", "Файзканд", "Эсхата", "Равшан"-и Зафаробод ва "Регар-ТадАЗ" ҷой гирифта буданд.