ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Созмони Милали Муттаҳиди ахиран дар рӯзи ҷаҳонии поён додан ба хушунати алайҳи занон, дар баёнияе нисбат ба вазъияти занон дар Афғонистони иброз нигаронӣ кардааст, иттилоъ додааст хабаргузории “Парс Тудей”.
Ин созмон гуфтааст ки занони Афғонистон аз тобистони 2021 то кунун хушунати мубтанӣ бар ҷинсият ва вахомати ҳуқуқии қобили мулоҳизаеро таҷриба мекунанд.
Дар ҳамин ҳол Рӯзо Ӯтнбою, намояндаи хоси сармуншии СММ барои Афғонистон гуфтааст: “ҳуқуқи асосии занони афғон бояд муҳофизат шавад ва бояд гомҳои мушаххасе барои эҷоди муҳити мносб/тавонманд, ки орӣ аз ҳар гуна хушунат бошад, бардошта шавад”.
Дар баёнияи СММ ҳамчунон омадааст, ки вахомати авзоъ дар Афғонистон бо як буҳрони инсонӣ ва иқтисодии вахим ва маҳдудиятҳои ҳуқуқи асосии занон аз ҷумла озодии гаштугузор, кор, таҳсилу мушорикат дар зиндагии умумӣ ташдид мешавад.
Ба гуфта ин созмон, ҳанҷорҳои иҷтимои суннатӣ, ки истифода аз хушунатро ба унвони навъи инзибот ва контрол мепазирад, хушунат алайҳи занон ва духтаронро одисозӣ мекунад.
Дар баёнияи тасреҳ шудааст: “дар ғиоби қавонин ва сиёсатҳое, ки аз баробарии ҷинсият ва ҳуқуқи занон ҳимоят мекунад, ироаи фармонҳое, ки ба ҳазфи систематики занон аз зиндаигии умумӣ ва сиёсӣ кумак мекунад, нармҳои иҷтимоӣ ва зербиноӣ, ки боиси тадовуми нобаробар мешавадро ҷасуртар сохтааст”.