ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Бозиҳои рӯзи ҷамъбастии даври аввали Чемпионати ҷаҳон - 2022 дар риштаи футбол дар Қатар ҷамъбаст гардиданд.
Дар гурӯҳи "G" мунтахаби Швейтсария бар Камерун бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Дар гуруҳи "Н" тими миллии Уругвай бо Кореяи ҷанубӣ зӯр озмуданд, аммо ғолиб муайян нашуд. Ин бозӣ бо ҳисоби 0:0 анҷом ёфт.
Аз бозиҳои нисбатан мавриди таваҷҷуҳи рӯз сабқати тими Португалия - Гана буд, ки Криштиану Роналду дар мубориза бо Салис зарбаи ҷаримавии 11-метриро ба даст оварду тӯбро вориди дарвозаи ҳариф кард. Аммо тими Гана тавонист ҳисобро баробар намояд.
Радубадали ниҳоии голҳои Португалию Гана бо ҳисоби 3:2 ба фоидаи тими Роналду анҷомид, ки сабқати ҷаҳониро бо пирӯзӣ оғоз намуд.
Бозии охири даври аввали Ҷоми Ҷаҳон - 2022 дидори тимҳои миллии Бразилия ва Сербия дар гурӯҳи "G" шуд. Қаҳрамони аслии вохӯрӣ ҳамлагар Ришарлисон Андраде гардид, ки ба дарвозаи ҳариф 2 голро ворид намуд. Сербҳо натавонистанд бо голе ба бразилиягиҳо посух диҳанд ва бозӣ бо ҳисоби 2:0 анҷомид.
Ҳамин тариқ даври аввали Чемпионати ҷаҳон дар риштаи футбол дар Қатар анҷом ёфт. Тайи панҷ рӯзи аввал дар маҷмуъ 16 бозӣ анҷом дода шуда, 41 гол ба самар расиданд.
Дар миёни бурду бохтҳои ин сабқати ҷаҳонӣ нисбатан ғайриинтизор пирӯзии Арабистони Саудӣ бар дастаи Аргентина ва Ҷопон бар Олмон буд, дуввумиҳо аз номзадҳои аслӣ ба қаҳрамонии ҷаҳон ба шумор мераванд.