ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Тими миллии Эрон дар идомаи рақобатҳои Ҷоми Ҷаҳонии 2022 –и Қатар дар дуюмин дидори худ бо мунтахаби Уэлс рацобат кард.
Нимаи аввали ин бозӣ бо вуҷуди бартарии тими миллии Эрон ва эҷоди фурсатҳои зиёди голзанӣ бо натиҷаи мусовӣ, бидуни гол ба поён расид.
Аммо дар нимаи дувум ва бо хатои дарвозабони тими Уэлс ва ихроҷи ӯ аз бозӣ Эрон ба ҳамалоти худ идома дод то дар вақтҳои изофаи нимаи дувум бо ду голи Рӯзбеҳи Чашмӣ ва Ромини Ризоиён бо пирӯзии ду ба сифр ба истиқболи бозии баъдии худ рафт.
Бозии ҳалкунанда баъдии тими миллии Эрон муқобили Амрико рӯзи сешанбе баргузор мешавад.
Ёдовар мешавем, ки дар даври аввал мунтахаби Эрон аз тими Англия бо ҳисоби бузург 6:2 шикаст хурда буд.
ФИФА муаллифи голи мунтахаби Эрон Рӯзбеҳ Чашмиро беҳтарин бозигари бозии Эрону Уэлс донист.
Ёдовар мешавем, ки голи дуюмро дар ин бозӣ Ромини Ризоиён ба нишон расонид.