ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Тими миллии Ҷопон пас аз Арабистон, ки тавонист Аргентинаро дар Ҷоми Ҷаҳонӣ шикаст диҳад, дуюмин шигифтисози Ҷоми Ҷаҳонии 2022-и Қатар ном гирифт.
Нахуст Ликай Гундоған дар дақиқаи 33 бо зарбаи пеналтӣ бадарвозаи мунтахаби Ҷопонро гол зад.
Сипас Ритсу Доан барои ҷопониҳо дар дақиқаи 75 корро ба тасовӣ кашонд ва дар дақиқаи 83 ҳам Такума Асано голи пирӯзибахшро ба самар расонд.
Ҳамчунин дар гуруҳи F тимҳои Тунису Хорватия ба масофи ҳам рафтанд, ки бидуни гол мусовӣ шуданд.
Инчунин ҳамон рӯз тими Испания бо мунтахаби Коста-Рико бозӣ кард. ин бозӣ бо ҳисоби бузург ба фоидаи тими Испания анҷом ёфт. Футболбозони мунтахаби Испания дастаи мунтахаби Коста-Рикоро бо ҳисоби 7-0 шикаст доданд.
Мунтахаби Белгия низ бар тими милии Канада бо ҳисоби 1-0 ғолиб шуд.
Имрӯз мунтахабҳои Швейтсария -Камерун, Уругвай - Кореяи Ҷанубӣ, Португалия – Гана ва ҷолибтарин бозӣ Бразилия – Сербия рақобат хоҳанд кард.