ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Ҳукумати Тоҷикистон ба Вазорати молияи кишвар дастур додааст, ки аз ҳисоби Бунёди суботи рушди иқтисод ба ҳисоби ҶСК НБО “Роғун" 200 миллион сомонӣ (ҳудуди 20 миллион доллар) ихтисос диҳад.
Қарори дахлдори ҳукумат, ки 11 ноябри соли 2022 ба тасвиб раисдааст, дар Маҳзани муттамаркази иттилооти ҳуқуқии Вазорати адлияи Тоҷикистон нашр шудааст.
“Бо дарназардошти ҷудо намудани маблағҳои иловагӣ нақшаи маблағгузории Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи НБО “Роғун” дар буҷети ҷумҳуриявӣ барои соли 2022 танзим карда шавад”, - омадааст дар ҳуҷҷат.
ҶСК НБО “Роғун” вазифадор карда мешавад, ки истифодаи саривақтӣ ва мақсадноки маблағҳои ҷудошударо таъмин намуда, дар бораи хароҷоти сарфшуда ба Вазорати молия ҳисобот пешниҳод намояд.
Бунёди суботи рушди иқтисод тибқи моддаи 16 Қонун “Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2022” аз ҳисоби барзиёд иҷро намудани қисми даромади буҷетҳои маҳаллӣ ва ҷумҳуриявӣ пур карда мешавад.
Маблагхои Бунёди мазкур, пеш аз хама, ба рушди саноати сузишворию энергетики, таъмини амнияти озуқавории ҷумхурӣ, пешрафти соҳаҳои иҷтимоӣ ва сари вақт иҷро намудани қарзи берунии давлатӣ равона карда мешаванд.
Дар ҳоли ҳозир лоиҳаи нерӯгоҳи “Роғун” танҳо аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ маблағгузорӣ мешавад, ки тавре қаблан мақомоти кишвар гуфта буд, барои анҷоми нақшаи сохтмони нерӯгоҳ кофӣ нест.
Ҳанӯз соли 2020 роҳбарияти кишвар ба гурӯҳи кории байниидоравии дахлдор супориш дода буд, ки барои дарёфти манбаи маблағгузорӣ барои сохтмони НБО “Роғун” чора андешад.
Ёдовар мешавем, қаблан Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон дар дидор бо бунёдгарони НБО “Роғун” гуфта буд, ки дар соли равон барои идомаи сохтмони неругоҳ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ боз 2,6 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардида, Ҳукумати кишвар барои ҷалби маблағҳои иловагӣ тадбирҳои зарурӣ андешида истодааст.