Боздошти ҷавондухтари 17-сола, дар Душанбе бо гумони дуздии маблағи калон

Пулиси пойтахт аз боздошти ҷавондухтаре хабар дод, ки аз хонаи зани 61 солаи сокини Душанбе наздик ба шаш ҳазор доллар дузди кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Вазорати корҳои дохилӣ аз боздошти ҷавондухтари 17-солаи сокини шаҳри Душанбе, ки дар дуздии маблағи калон гумонбар дониста мешавад хабар дод.
Тибқи иттилио манбаъ, ахиран ба ШВКД-2 дар ноҳияи Синои пойтахт бо ариза зани 61-солаи сокини шаҳр муроҷиат кардааст.
Ин зани 61-сола, даъво кардааст, ки ки моҳи ноябри соли 2022, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди хонаи истиқоматиаш шуда аз онҷо 5 ҳазору 800 доллари амрикоиро дуздида ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Ба иттилои вазорати корҳои дохилӣ кормандони милитсияи пойтахт ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҷавондухтари 17-солаи сокини шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карданд.
Дар Душанбе сатҳи ҷинояткорӣ коҳиш ёфт: генерал Баротзода гуфт, сабабаш чист
Дар ҳоли ҳозир ба иттилои ВКД-и Тоҷикистон аз рӯи ин ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш мақомоти милисаи шаҳри Душанбе зимни натиҷагирӣ аз фаъолияташ гуфта буд, ки дар пойтахт мизони ҷинояткорӣ миёни ноболиғон коҳиш ёфтааст
Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби ноболиғон дар пойтахт 94-ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 42-адад ва ё 30,8% кам мебошад.
Мақомоти милитсия гуфта буд, ки ҷинояткорӣ миёни ҷавонон низ ба андозаи 18,2% коҳиш ёфтааст.