ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Барои хизматрасонии қарзи берунаи давлатии Тоҷикистон дар нуҳмоҳаи аввали соли равон аз буҷаи давлат 198 млн доллари амрикоӣ равона гардид.
Ин нуктаро вазири молияи Тоҷикистон, Файзиддин Қаҳҳорзода, ахиран зимни гузориш дар Маҷлиси намояндагони ҷумҳурӣ баён дошт.
Ба гуфтаи ӯ, аз ҷумла барои пардохти қарзи асосӣ 134,6 млн ва фоизҳои он 63,4 миллион доллар пардохт гардид.
Маврид ба зикр аст, ки қаблан ҳаҷми умумии қарзи хориҷии Тоҷикистон беш аз 3,2 млрд доллар арзёбӣ шуда буд. Дар маҷмуъ қарзи Тоҷикистон ҳудуди 3,7 млрд доллар арзёбӣ шуда буд.
Дар ҳамин ҳол ахиран парлумони Тоҷикистон аз пешниҳоди ҳукумати кишвар барои гирифтани қарзи давлатии дигар ҷонибдорӣ намуд. Аз ҷумла вакилон барои гирифтани 1 млрд сомонӣ қарзи давлатӣ бо суди 2%-и солона розигӣ доданд.
Масъулини бахши молияи кишвар мегӯянд, ҷалби маблағҳои қарзӣ барои маблағгузорӣ гардидани чорабиниҳои аввалиндараҷаи буҷети давлатӣ равона карда мешавад. Таъкид гардидааст, ки ин ҳаҷми қарздорӣ мутобиқ ба стратегияҳои қабулнамудаи ҳукумати Тоҷикистон мувофиқат мекунанд.
Мақомот таъкид мекунанд, бештар қарзҳое ҷалб мешаванд, ки қисмате аз онҳоро грантҳо ташкил медиҳанд. Дар феҳрасти қарздиҳандаи асосии Тоҷикистон ҳамоно Чин боқӣ мемонад. Ҳамчунин Душанбе аз созмонҳои молиявии байналмилалӣ низ қарздор аст.