ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Ахиран вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқизода Завқӣ дар дидор бо Сафири навтаъини Аргентина дар Тоҷикистон Леополдо Франсиско Саҳорес масъалаҳои густариши ҳамкориҳои тиҷоратии дуҷониба байни ду кишварро баррасӣ кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар додааст.
Тибқи иттилои манбаъ дар рафти вохӯрӣ ҳамзамон масъалаи зиёд намудани гардиши савдои хориҷӣ, ҷалби бештари сармояи Аргентина ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ бо истифода аз технологияи пешқадами Аргентина, бахусус дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ баррасӣ шуд.
Инчунин тарафҳо дар масъалаи ба роҳ мондани ҳамкориҳо барои татбиқи лоиҳаҳои “Иқтисоди сабз” мубодилаи афкор намуданд.
“Ҳамзамон пешниҳодҳо барои маблағгузории сохтмони НБО-и хурду миёна дар ҳудуди Тоҷикистон ва татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки давлатии соҳаи энергетика дар қаламрави кишвар бо истифода аз сармояи аргентинӣ манзур гардид, ки хуш пазируфта шуд”,- таъкид намудааст вазорати иқтисод.
Қайд карда шудааст, ки дар ин мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои қайдгардида изҳор намуданд.