ДУШАНБЕ, 22 ноя – Sputnik. Дар ҷаласаи назди раиси ВМКБ Мирзонабот Алишер Худобердӣ, аз ҷойдоштани камбудиҳо дар омодагии мақомот ба фасли зимистон ишора кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раиси ВМКБ.
Тибқи иттилои манбаъ, дар ин ҷала ҳамчунин муовини якуми раиси вилоят, муовинони раисони шаҳру ноҳия, роҳбарони муассисаҳои нигаҳдории роҳҳои автомабилгарди ноҳияҳо ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.
Дар ин ҷаласа, масъалаи ҷобаҷокунии техникаҳо ва зимистонгузаронӣ мавриди таҳлил қарор гирифт.
Манбаъ иттилоъ додааст, ки дар ин ҷаласа Мирак Наимов, сардори ситоди Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар ВМКБ, гуфтааст, ки дар тавозуни муассисаҳои нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияҳои вилоят, дар маҷмуъ, 118 техника ва механизм мавҷуд буда, аз инҳо 43 ададаш корношоям мебошад.
“Захираи маводи зидди лағжиш тибқи нақша бояд 16220 метр мукааб захира мешуд, вале то имрӯз нақша пурра иҷро нагардидааст. Сӯзишвории дизелӣ ба ҷойи 68200 литр 10400 литр захира гаштааст”, - таъкид кардааст манбаъ.
Дар ҳамин ҳол, Мирзонабот Алишер Худобердӣ барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ба масъулон супоришҳои ҷиддӣ дод.