ДУШАНБЕ, 22 ноя – Sputnik. Дар Душанбе мулоқоти раиси Кумитаи маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот бо сафири Беларус дар Тоҷикистон баргузор шуд, хабар медиҳад котиботи Маҷлиси намояндагон.
Бар хабари манбаъ, Саидмурод Фаттоҳзода ва Виктор Денисенко ба масъалаи густариши ҳамкории байнипарлумонӣ миёни Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва парлумони Беларус таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Дар мулоқот Фаттоҳзода изҳор доштааст, ки таҷрибаи қонунофарии вакилони Маҷлиси намояндагон боз ҳам бойтар гардида, онҳо талош мекунанд, ки санадҳои ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалиро таҳия ва қабул намоянд.
Ӯ омили комёбӣ ва муваффақиятро барқарор ва таҳким бахшидани муносибот миёни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо парлумонҳои кишварҳои гуногуни олам, аз ҷумла парлумони Беларус мебошад.
Зикр гардид, ки ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Беларус ба чаҳорчӯбаи муносиботи сиёсию иқтисодӣ асос ёфта, дар сояҳои дӯстӣ раванди рӯ ба инкишофро касб кардааст.
Дар мулоқот дар бораи ҳамкории Тоҷикистон ва Беларус дар доираи созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ низ табодули назар карда шуд.
Зикр гардид, ки миёни Тоҷикистон ва Беларус санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расидаанд, ки ин санадҳо заминаи таҳкими муносиботи гуногунсоҳаро миёни ни ду кишвар ба вуҷуд овардаанд.