Рӯзи маросими савгандёдкунии раисҷумҳури Қазоқистон маълум шуд

Кумитаи марказии интихоботи Қазоқистон эълон кардааст, ки маросими савгандёдкунии раисҷумҳури Қазоқистон рӯзи 26 ноябр баргузор мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 ноя – Sputnik. Раиси Комиссияи марказии интихоботи Қазоқистон Нурлан Абдиров эълон кардааст, ки маросими савгандёдкунии президенти тоза интихоби кишвар рӯзи 26 ноябр баргузор мешавад.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 20 ноябр дар Қазоқистон интихоботи пеш аз муҳлати раёсати ҷумҳурӣ баргузор шуд.
Тибқи маълумоти ниҳоии Комиссияи марказии интихоботӣ, Қосим-Ҷомарт Тоқаев, раисҷумҳури феълӣ, бо дарёфти 81,31 дарсади оро дар ин интихобот пирӯз шуд.
Дар интихоботи гузашта 69,44 фоиз интихобкунандагон иштирок намуданад.
"Рӯзи савгандёдкунӣ муайян шуд - 26 ноябри соли 2022", - гуфт Абдиров рӯзи сешанбе дар ҷаласаи КМИР Қазоқистон.
Ёдовар мешавем, ки Қосим - Ҷомарт Тоқаев зимни суҳбат бо хабарнигорон изҳор дошт, ки ислоҳоти сиёсиро дар Қазоқистон идома медиҳад, дар акси ҳол карахтӣ рух хоҳад дод.
Тоқаев раъй доду аз нақшаҳояш баъди интихобот гуфт
Ба суол, ки оё баъди интихобот ҳукуматро ба истеъфо мефиристад ё на, Тоқаев зикр намуд, ки бар асоси қонунгузорӣ ин ҳатмӣ нест.
"Ин баъди интихоботи парлумонӣ ҳатмӣ мебошад, ки дар бораи баргузории он то охири сол изҳороти хосеро ироа хоҳам кард", - гуфт Тоқаев.
Вай таъкид намуд, ки тағйироти мушаххасеро дар ҳукумат идома хоҳад дод.
Дар мавриди номзадҳои дигар ба президентӣ Тоқаев изҳор дошт, ки бевосита бо онҳо шинос нест, аммо муътақид аст, ки шахсони сазоворанд, ки дар рушди Қазоқистон саҳм мегузоранд.
Маврид ба зикр аст, ки масъалаи баргузории интихоботи пеш аз муҳлат ва таъйини ваколатҳои 7-солаи президентиро Тоқаев аввали моҳи сентябр зимни ироаи паём ба парлумон баён дошта, таъкид намуд, ки як нафар наметавонад беш аз 1 бор президент интихоб гардад. Ин ташаббусро парлумон пазируфт.