ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. То оғози моҳи ноябр дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории Тоҷикистон зиёда аз 2.3 ҳазор тон моҳӣ истеҳсол карда шудааст.
Дар ин бора Вазорати кишоварзии Тоҷикистон хабар дода, афзуд, ки сайди моҳӣ соли равон дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта, 457 тонна зиёд мебошад.
"Дар ҷумҳурӣ 372 адад хоҷагиҳои моҳипарварӣ дар масоҳати 2744 гектар фаъолият доранд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта миқдори хоҷагиҳо 9 адад ва масоҳати ҳавзҳои моҳипарварӣ 29 гектар зиёд мебошад", - омадааст дар иттилоия.
Ин дар ҳолест, ки дар ҷамъбасти нуҳмоҳа хабар дода шуда буд, ки дар хоҷагиҳои моҳипарварии Тоҷикистон 2100 тонна моҳӣ истеҳсол шудаст.
Бар асоси иттилои расмӣ, дар хоҷагиҳои моҳипарварии вилояти Хатлон беш аз 1534 тонна, дар Суғд 444 тонна, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 0,9 тонна сайд шудааст.
Ҳаҷми истеҳсоли моҳӣ дар шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат 108 тонна, Файзобод 2,5 тонна, Роғун ва Рӯдакӣ 2 тонна, Ҳисор 1,7 тонна, Нуробод 1,5 тонна, Турсунзода 1,4 тонна ва Шаҳринав 0,8 тонна моҳӣ арзёбӣ гардидаст.
Маблағи умумии моҳӣ 42, 3 млн сомониро ташкил дода буд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариби 47% зиёд мебошад.
Дар Тоҷикистон аслан пешониғафси сафед, зағорамоҳӣ, гулмоҳӣ, амури сафед ва дигар навъи моҳиҳо парвариш карда мешавад.
Бо вуҷуди афзоиши сайди моҳӣ дар Тоҷикистон талаботи кишвар ҳанӯз аз ҳисоби тавлидоти дохилӣ ҳанӯз қонеъ намешавад. Қаблан таъкид шуда буд, ки барои қонеъ кардани аҳолии Тоҷикистон бо моҳӣ солона ҳадди ақал 14 ҳазор тонна зарур мебошад.