ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Аз ду ноҳияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 15 хонавода ба вилояти Хатлон кӯчонида мешавад, хабар медиҳад Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ.
Ба иттилои манбаъ, аз ноҳияи Дарвоз панҷ хонавода ва аз ноҳияи Ишкошим 10 оила ба ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон интиқол дода мешаванд.
Кӯч додани 15 хонавода аз ВМКБ тибқи қарори Ҳукумати Тоҷикистон сурат мегирад.
Моҳи декабри соли 2021 Ҳукумат қарор кард, ки аз ноҳияҳои камзамин ба водиҳои дорои заминҳои бекорхобида кӯчонидани мардум сурат мегирад. Ин кор то соли 2024 идома меёбад ва тибқи нақша бояд 410 хонавода аз гӯшаву канори диёр дар ноҳияи Хуросон маскун шаванд.
Манбаъ меафзояд, ба иловаи хонаводаҳо аз ВМКБ, ҳамчунин аз шаҳри Бохтар панҷ оила, Левакант -5, Кӯшониёни -15, Восеъ – 20, Темурмалик – 10, Муъминобод – 15, Кӯҳистони Мастчоҳ – 15 ва Тоҷикобод панҷ оила низ кӯч дода мешаванд.
Дар ҳамин ҳол, намояндагони Вазорати меҳнат аз вазъи муҳоҷирати дохилӣ дар ноҳияҳои Хуросон ва Носири Хусрав дидан намуда, барои сари вақт кӯчонидани оилаҳо, рафъи камбудиҳои ҷойдошта бо масъулини мақомоти дахлдор суҳбатҳо баргузор карданд.
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон қаблан зимни як сафараш ба ноҳияи Дарвози ВМКБ бо ишора ба камзаминӣ ва афзоиши аҳолӣ дар минтақа ба ҳозирин заминҳои Данғараро барои кору иқомат пешниҳод намуд.
Президент даҳҳо ҳазор ҳектор заминҳои Данғараро захираи тилоии давлати Тоҷикистон хонда, афзуд, ки одам даркор, то ин заминро истифода бараду кор кунад.