Вазорати дифоъ: Артиши Украина беш аз даҳ асири русро ба қатл расондаанд

Вазорати дифои Русия ахиран эълон кард, ки низомиёни украинӣ қасдан беш аз даҳ сарбози артиши Русияро ба қатл расонданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Вазорати дифои Русия гуфт, низомиёни украинӣ беш аз 10 низомии асиршудаи Русияро қасдан бо тирзадан ба сарашон куштанд, ки ин ҷиноятро касе наметавонад ҳамчун "фоҷиа" муаррифӣ кунад.
"Қасдан ва ба таври методӣ кушта шудани беш аз даҳ низомии Русия аз ҷониби артиши Украина бо тирзани ба сари низомиёни мо дар пасманзари гӯё риояи кардани ҳуқуқи асирони ҳарбӣ аз ҷониби Киев касе наметавонад онро ҳамчун "фоҷиа" муаррифӣ кунад”, — гуфта мешавад дар изхороти вазорат.
Вазорати дифоъ афзуд, ки "далели нави видеоии нашршуда дар бораи куштори дастаҷамъи сарбозони бесилоҳи рус аз тарафи низомиёни ваҳшии украинӣ моҳияти ваҳшиёнаи режими кунунии Киевро таҳти сарварии Зеленский ва онҳое, ки аз он ҳимоя ва пуштибонӣ мекунанд, тасдиқ мекунад".
Небензя: Лаҳистон ва Украина кӯшиш карданд, ки бархӯрди Русия ва НАТО-ро барангезанд
Ёдовар мешавем, ки Русия аз 24 феврал ба ин сӯ амалиёти вижаи низомӣ дар Украинаро ба манзури нозизудоӣ ва безарарсозӣ анҷом медиҳад.
Владимир Путин вазифаи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушии режими Киев қарор гирифтаанд".
Ба гуфтаи президент, ҳадафи ниҳоии амалиёт озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.
Артиши Русия якҷо бо нерӯҳои ҶМД ва ҶМЛ ва як қисми муҳими Донетскро комилан озод кард.
Дар баробари ин нерӯҳои Украина шаҳру деҳоти ҶМД ва ҶМЛ-ро пайваста тирборон карда, инчунин ба хоки озодшудаи вилоятхои Херсон, Запороже ва Харков, аз ҷумла бо истифода аз мушакҳои баллистикии "Точка-У" ва HIMARS MLRS зарба мезананд.
Қурбониёни ин ҳамлаҳо умдатан сокинони мулкӣ ҳастанд.