Барои бартарафсозии танбашавӣ: дар Душанбе 20 эстакадаи бисёрқабата сохта мешавад

Дар доираи нақшаи генералии пойтахти Тоҷикистон барои фароҳам кардани ҳаракати бемамониати воситаҳои нақлиёт бунёди ҳудуди 20 эстакада дар назар аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Мақомоти тоҷик тарҳи бунёди эстакадаи бисёрқабатаро дар майдони "Бофанда" дар чорроҳаи мавсум бо "Танк"-ро таҳия карда, ҷӯёи сармоягузоранд.
Дар ин бора "Ховар" бо такя Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири роҳу кӯпрукҳои шаҳри Душанбе хабар дод.
"Дар айни замон лоиҳаи мазкур мавриди баррасӣ қарор дода шуда, масъалаҳои муайян кардани манбаъҳои маблағузории он идома доранд", - афзуд манбаъ.
Таъкид шудаст, ки бунёди эстакадаи мазкур барои бартараф намудани танбашавии зиёди воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои пойтахт, бехатарии ҳаракати нақлиёт ва роҳгузарҳо, инчунин ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ намудани роҳҳои пойтахт мусоидат мекунад.
"Давлати хуби транзитӣ” - стратегияи ҷадиди Тоҷикистон
Ҳамчунин дар назар аст, ки бунёди эстакадаи сесатҳаи дигар дар хиёбони Саъдӣ Шерозӣ, назди чорроҳаи Сирки давлатии Тоҷикистон бунёд гардад.
Маврид ба зикр аст, ки феълан дар пойтахт ду ду эстакадаи сеқабата - яке дар маҳаллаи Қарияи Боло ва дигаре дар маҳаллаи 82-юми Душанбе мавриди баҳрабардорӣ қарор доранд.
Дар шаҳри Душанбе бо мурури афзоиши аҳолӣ ва теъдоди худравҳо танбашавии воситаҳои нақлиёт ба яке аз мушкилоти аслии таъмини ҳаракат табдил ёфта истодааст.
Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе қаблан иттилоъ додад буд, ки то соли 2025 ба истифода додани наздики 10 эстакада ва дар маҷмуъ дар доираи нақшаи генералии пойтахт бунёди 20 чорроҳаи сесатҳа дар назар аст.