ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Сафири Русия дар Тоҷикистон Семён Григорьев бозии дӯстонаи ду тими мунтахаби кишварро дар Душанбе, ки бо ҳисоби 0:0 анҷом ёфт, хуш истиқбол кард.
Дипломат гуфт, ки мусовӣ беҳтарин натиҷаи бозӣ аст, хабар медиҳад шабакаи "Матч.ТВ".
"Шахсан ба ман бозӣ хеле писанд омад. Аз як тараф вохӯрӣ воқеан дӯстона, дуруст ва хушмуомила гузашт, аз ҷониби дигар дастаҳо бозии хуб нишон доданд", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Григорев, натиҷаи ин бозӣ сазовор аст ва ӯро чун сафир қонеъ мекунад.
Маврид ба зикр аст, ки сафир қабл аз бозӣ низ бо аъзои дастаи тими Русия мулоқот карда, онҳоро даъват намуд, ки бозиро ҷиддӣ гиранду дастаи Тоҷикистонро заиф напиндоранд.
"Тоҷикистон заифтарин тими футбол нест, аз ин рӯ бозӣ барои шумо ҷолиб ва муфид хоҳад буд", - изҳор дошт дипломат.
Ёдовар мешавем, ки тими Русия дар Душанбе бо Тоҷикистон бозӣ кард, ки бидуни гол бо ҳисоби 0:0 анҷом ёфт. Дар пеш мунтахаби Русияро боз як бозии дӯстонаи дигар интизор аст, ки 20 ноябр бо мунтахаби Ӯзбекистон вориди майдон мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки мунтахаби Русия дар феҳристи FIFA дар байни 211 кишвар дар ҷойи 33-юм қарор гирифта, мунтахаби Тоҷикистон дар ҷойи 108-ум қарор дорад.
Федератсияи байнулмилалии футбол (FIFA) ва Созмони футболи Аврупо (UEFA) баргузории бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Русияро иҷозат додаанд, бинобар ин, натиҷаи бозӣ ҳангоми тартиб додани рейтинг ё радабандии FIFA ба ҳисоб гирифта мешавад.