Русия: Толибон тахасуси лозимро барои идораи кишвар надорад

Намояндаи доимии Русия дар СММ гуфтааст, ки толибон ба далели надоштани тахассус ва тавони лозим, барои мувоҷиҳа бо мушкилоту чолишҳои ҷадид омодагӣ надоранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Василий Небензия, намояндаи доимии Русия дар СММ дар нишасте дар Созмони милал толибонро пойбанд набудан ба ваъдаҳояшон муттаҳам карда ва ононро дар мудирияти чолишҳои боқимонда аз гузашта ва чолишҳои ҷадид дар Афғонистон нотавон хондааст, иттлоъ додааст хабаргузории “Парс тудей”.
Вай ҳушдор додааст, ки агар вазъият дар Афғонистон бадтар аз ин шавад мунҷар ба афзоиши тероризм, ифротгароӣ ва низ шаклгире мавҷи азиме аз паноҳҷуён хоҳад шуд .
Небензия бо ишора ба нишасти формати Маскав дар мавриди Афғонистон тасреҳ кард: ҷомеъаи байналмилалӣ бояд талошҳои худро барои кумак ба ин кишвар ҳамоҳанг кунад ва бо мақомҳои феълии Афғонистон гуфтугӯи амал гароёна дошта бошад.
Кумакҳои барномаи ҷаҳонии ғизо барои мардуми Афғонистон ба ғорат рафт
Ин дипломати рус изофа кард: Афғонистон як бора дар коми мушкилот танҳо раҳо шудааст ва ғарбиҳо тарҷеҳ медиҳанд вонамуд кунанд, ки ин мушкилоти рабтӣ ба он ҳо надорад ва бояд ба дасти худ афғонҳо ҳал шавад.
Нишасти формати Маскав бо ҳузури кишварҳои минтақа ва бидуни даъват аз толибон дар пойтахти Рӯсия баргузор шуд.