Намедонем, ҳадаф чӣ буд: Шореҳи маъруфи Русия дар бораи бозӣ бо мунтахаби Тоҷикистон

Дар бозӣ бо Тоҷикистон чеҳраҳои наве дар ҳайати тими мунтахаби футболи Русия вориди майдон шуданд, ки рӯшан нест, сармураббӣ пешашон чӣ вазифа гузошта буд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Шореҳи маъруфи варзиш ва барандаи телевизион Дмитрий Губерниев бозии Русия ва Тоҷикистонро, ки дар Душанбе баргузор шуд, арзёбӣ намуд.
Ӯ натиҷаи вохӯрии таърихиро, ки аввалин сабқат миёни тимҳои миллии Тоҷикистону Русия буд, шарҳ дод, овардааст Sport24.
Ба гуфтаи Губерниев раванди бозӣ то ҷое дилгиркунанда буд, аммо дар мавриди натиҷаҳояш бояд аз сармураббӣ, Валерий Карпин пурсид, ки чӣ ҳадафҳо пеши тим гузошт.
"Албатта, бозии дилгиркунанда буд, бидуни шубҳа. Аммо баҳо додан ба ин бозӣ хеле душвор ва тақрибан ғайриимкон аст", - гуфт коршиноси футбол.
Ба гуфтаи ӯ, доварӣ кардан мушкил аст, зеро "мо намедонем, ки Карпин чӣ вазифа гузоштааст. Бозӣ як вохӯрии рафиқонаи пеш аз мавсимро монанд буд", - гуфт дар хотима Дмитрий Губерниев.
Ёдовар мешавем, ки тими Русия дар Душанбе бо Тоҷикистон бозӣ кард, ки бидуни гол бо ҳисоби 0:0 анҷом ёфт. Дар пеш мунтахаби Русияро боз як бозии дӯстонаи дигар интизор аст. Тими Карпин рӯзи 20 ноябр бо мунтахаби Ӯзбекистон вориди бозӣ мегардад.
Дӯстӣ ғалаба кард: аксҳои ҷолиб аз бозии тимҳо миллии Тоҷикистону Русия
Маврид ба зикр аст, ки мунтахаби Русия дар феҳристи FIFA дар байни 211 кишвар дар ҷойи 33-юм қарор гирифта, мунтахаби Тоҷикистон дар ҷойи 108-ум қарор дорад.
Федератсияи байнулмилалии футбол (FIFA) ва Созмони футболи Аврупо (UEFA) баргузории бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Русияро иҷозат додаанд, бинобар ин, натиҷаи бозӣ ҳангоми тартиб додани рейтинг ё радабандии FIFA ба ҳисоб гирифта мешавад.