Медведев: ИМА дер ё зуд Киевро раҳо мекунад

Мақомоти Киев эҳсоси воқеиятро комилан гум карда, беш аз пеш аз ҷаҳониён роҳандозии таҳримоти зиёдтар ба муқобили Русияро талаб доранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Амрико ҳамеша дӯстони худро тарк кардааст ва ин кор бо Украина дер ё зуд рӯй хоҳад дод, изҳор дошт муовини раиси Шӯрои амнияти Русия, Дмитрий Медведев дар саҳифааш дар "Telegram".
Ба гуфтаи ӯ, Киев пайванд ба воқеиятро аз даст дода, тақозо дорад, ки алайҳи Русия таҳримҳои бештари нав ҷорӣ карда шавад.
"Амрико ҳамеша дӯстон ва беҳтарин "фарзандон"-и худро тарк кардааст. Дер ё зуд ин дафъа низ чунин хоҳад буд", - таъкид намуд Медведев.
Ба ақидаи ӯ, маҳз ин воқеият гиряҳои ашковари масхарабозон дар Киевро ба вуҷуд овардааст.
"Онҳо ашк рехта девонавор таҳримҳои бештари нав алайҳи Русияро талаб мекунанд. Ва пули бештари ғарбӣ барои ҷанг мехоҳанд. Танҳо ин метавонад хумори маводи мухаддири онҳоро дароз кунад", - афзуд Медведев.
Давлати муфлис: Володин гуфт, Зеленский украиниҳоро аз оянда маҳрум сохт
Ин дар ҳолест, ки қаблан Маскав аз бесамарии таҳримоту таъминоти аслиҳаю пули низоми Киев гуфта, таъкид намуд, ки ин танҳо амалиёти вижаро тӯл медиҳад, аммо барои бароварда кардани аҳдофи он халал ворид нахоҳад кард.
Маврид ба зикр аст, ки Русия 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия, Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.