ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Манобеи хабарӣ дар вилояти Урӯзгон эълом карданд, ки гурӯҳе аз роҳзанҳо дар шоҳроҳи Қандаҳор–Урӯзгон даҳҳо бураи орду долро аз мошинҳои боркаши маводи ғизорасони Барномаи ҷаҳонии ғизо ғорат кардаанд, иттилоъ додааст сомонаи дарии “Парс Тудей”.
Тибқи иттилои манбаъ раиси иттилооту фарҳанги толибон дар Урӯзгон бо таъйди ин мавзӯ гуфтааст, ки кормандони барномаи ҷаҳонии ғизо барои ирсоли ин маҳмулаҳои ғизоӣ бо масъулони амниятӣ ҳамоҳангӣ накарда буданд.
Ба гуфта вай, ин ҳодиса замоне рӯх додааст, ки даҳҳо мушинҳои боркаши маводи ғизои Барномаи Ҷаҳонии Ғизо дар ҷои номуносиби канори ҷода мутаваққиф буданд.
Масъулони амниятӣ токунӯн 40 нафарро дар ин замина боздошт кардаанду таҳқиқот дар ин бора идома дорад.
Ин дар ҳолеаст ки масъули Барномаи ҷаҳонии ғизо дар Урӯзгон аз ин мавзуъ иброз бе итилоъи кардааст.
Ёдовар мешавем, ки баъд аз омадани толибон ба сари қудрат дар Афғонистон, вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии мардум бад шудааст. Ба иттилои СММ дар ҳоли ҳозир тақрибан 20 миллион аҳолии Афғонистон зери хати фақру гуруснагӣ зиндагӣ доранд.