Ҳамаи мардуми Тоҷикистон мехоҳанд бо Русия дар бозии дӯстона рӯзи 17 ноябр рақобат кунанд, гуфт сармураббии тими миллии Тоҷикистон Петр Сегрт дар нишасти матбуотӣ.
"Дар чанд рӯзи охир ман бо пизишкону ронандагони таксӣ ва ҳатто чанд рӯзноманигоре вохӯрдам, ки онҳо хоҳиш карданд, ки ба онҳо имкони дар бозии фардо ширкат карданро диҳанд", - гуфт мураббӣ.
Сегрт дар посух ба суоли хабарнигори Sputnik Тоҷикистон дар бораи аз даст додани ду бозигари асосӣ ва муҳлати кӯтоҳ барои омодагӣ, иқрор шуд, ки ин дафъа омодагӣ ба маротиб мушкилтар буд.
Мутахассиси хорватӣ махсусан қайд кард, ки ҳангоми ворид шудан ба нишони эҳтиром дасти ҳамаро фишурд. Ба гуфтаи ӯ, ин бояд дар ҳама сатҳҳо сурат гирад: мухлисон, бозигарон ва кишварҳо.
Ёдовар мешавем, ки бозии дастаҳои Тоҷикистону Русия, 17 ноябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии Душанбе соати 20:00 ба вақти маҳаллӣ баргузор мешавад.