ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik. Муовини идории раиси давлати Толибони Афғонистон Абдуссалом Ҳанафӣ дар дидор бо намояндаи вижаи Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ дар умӯри Афғонистон дар Кобул Ториқ бин Бахит, гуфт сиёсати хориҷии Толибон ин аст, ки ба ҳеҷ касу кишваре иҷоза намедиҳад, ки зидди кишварҳои ҳамсоя, ҷаҳон ва кишварҳои исломӣ аз хоки Афғонистон истифода кунад, иттилоъ додааст “Парс Тудей”
Дар ҳамин ҳол сарпарасти вазорати дифои давлати Толибон Муҳаммадяъқуб Муҷоҳид низ дар дидор бо намояндагони Созмони Ҳамкории Исломӣ дар Кобул итминон дод аз хоки Афғонистон зидди ҳеҷ кишваре истифода нахоҳад шуд.
Дар ҳамин ҳол, раиси давлат Мулло Муҳаммадҳасан Охунд ва вазири дохилии Толибон Сироҷиддин Ҳаққонӣ низ бо намояндагони Созмони Ҳамкории Исломӣ дар Кобул дидору гуфтугу кардааст.
Чанд рӯзи қабл дафтари Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ бо ҳузури вазири умури хориҷа ва дигар мақомҳои давлати Толибон ва ҳамчунин сафирони кишварҳои узви ин созмон дар кобул бозгушоӣ шуд.
Ёдовар мешавем, мақомоти толибон баъд ба сари қудрат омаданаш дар Афғонистон борҳо гуфта буданд, ки хоки Афғонистон барои ҳамла ба кишварҳои ҳамсоя истифода намешавад ва толибон онро ба касе ва гурӯҳе иҷозат намедиҳанд.