ДУШАНБЕ, 16 ноя – Sputnik. Бахтиёр Раҳимов дар қаҳрамонии ҷаҳон оид ба пауэрлифтинг, ки дар шаҳри Орландо (Флоридаи ИМА) баргузор шуд, дар вазни 105 кило ҷойҳои аввал ва дувумро касб кард.
Ин қаҳрамонӣ таҳти сарпарастии WPC баргузор шуд ва қувваозмоии варзишкори тоҷик Раҳимов дар бахши ба истилоҳ "урён" қувваозмоӣ кард. Ин маънои онро дорад, ки варзишгар бедуни бастани зонуҳо ва муҳофизати вижа қувваозмоӣ кардааст.
Натиҷаи қаҳрамони тоҷик, ки тахти роҳбарии мураббии машҳур Толеъ Холназаров машқ мекунад: медали тилло дар пауэрлифтинг ва медали нуқра дар вазнбардорӣ.
"Ин як баромади хеле шоистаи варзишгари тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ аст. Ҳамаи мо хеле шодем, ки қувваҳои мо чунин натиҷаи аҷиб нишон медиҳанд. Инҳо натиҷаи заҳмат аст", — гуфт Толеъ Холназаров дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.
Вай афзуд, ки дар шаҳри Душанбе қаҳрамонӣ оид ба бодибилдинг баргузор мешавад. Дар мусобиқа намояндагони кишварҳои гуногун ширкат мекунанд. Сабқат 20 ноябр баргузор мешавад.
Дар сабқати бодибилдинг, доварон мушакҳои иштирокчиёнро аз рӯи ҳаҷм, таносуби эстетикӣ, симметрия ва мувозинат арзёбӣ мекунанд.
Қаблан дар Федеросиюни бодибилдинг ва пауэрлифтинги Тоҷикистон тағйирот ба амал омад - ба ҷои Олим Парпиев мақоми раисиро Толеъ Холназаров бар уҳда гирифт.
Варзишгари маъруфи тоҷик, Толеъ Холназаров қаблан ба ҳайси раиси ин федератсия кор мекард.
Ба ҳар ҳол ба ҳайати нави федератсия лозим меояд, ки барои оммавӣ гардондани бодибилдинг ва пауэрлифтинг кори бисёреро анҷом диҳад. Вазифаи асосӣ ҷалби сарпарастон барои дастгирии варзишгароне мебошад, ки дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ширкат мекунанд.