ДУШАНБЕ, 16 ноя – Sputnik. Таъқиб ва куштори тоҷикон дар Афғонистон боиси нигаронии бештари Тоҷикистон шудааст.
Дар ин бора, Вафо Ниятбекзода, сардори Раёсати пажӯҳиши стратегии вазорати хориҷаи кишвар, дар нишасти "формати Маскав", машваратҳо оид ба Афғонистон изҳор дошт.
"Мо борҳо аз шикори густурдаи тоҷикон изҳори нигаронӣ кардаем, ки ин бахусус дар вилояти Панҷшер, дар пойтахт - Кобул ва як қатор манотиқи шимолии Афғонистон ба назар мерасад", - гуфт Ниятбекзода.
Ба гуфтаи ӯ, тоҷикон бо баҳонаи ҳамкорӣ бо Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ҳамарӯза дар хоки толибон кушта мешаванд.
"Мо ба таври қатъӣ ба нақзи ҳуқуқи гурӯҳҳои этникии мухталиф дар Афғонистон, ҳуқуқи занон, ходимони собиқи низомӣ ва фарҳангии давлатӣ мухолифем", — гуфт намояндаи Вазорати корҳои хориҷӣ.
Вай таъкид кард, ки Тоҷикистон то ҳол таъсиси як ҳукумати фарогирро дар Афғонистон бо ширкати намояндагони сиёсӣ ва этникӣ надидааст.