ДУШАНБЕ, 16 ноя – Sputnik. Дар Душанбе миёни Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Иттиҳодияи футболи Русия ёддошти ҳамкорӣ имзо шуд.
Дар ин бора, хадамоти матбуотии Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки созишномаро ноиби аввали президенти ФФТ Хуршед Мирзо ва дабири кулли ИФР Максим Митрофанов имзо кардаанд.
Дар ин дидор, Хуршед Мирзо ва Максим Митрофанов роҳҳои густариши ҳамкориҳои ду федератсияи миллии кишварҳоро баррасӣ намуда, ҳамчунин доир ба баргузории бозиҳои дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби миллии ду кишвар тавофуқ кардаанд.
Дар чорчӯби ёддошти имзошуда, Митрофанов аз ҳавасмандии Русия барои густариши ҳамкориҳо бо ФФТ гуфта, ба рушди футболи тоҷик дар солҳои охир баҳои баланд дод.
Митрофанов инчунин ба Федератсияи футболи Тоҷикистон барои истиқболи гарм дар Душанбе изҳори сипос кардааст.
Қобили зикр аст, ки фардо, 17 ноябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Русия баргузор мешавад.
Бозӣ соати 20:00 оғоз мешавад. Дар сатҳи дастаҳои миллӣ дастаҳо бори аввал бозӣ хоҳанд кард.